Бозгашти Ҳабибуллоев ба “Регар-ТадАЗ”
Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз иттилоъ дода, ки мураббии маъруфи футболи тоҷик Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо гузашти чор сол дубора сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ” таъйин гардидааст.
Алишер Ҳақбердиев, ки то омадани Ҳабибуллоев сармураббигии “Регар-ТадАЗ”-ро ба зимма дошт, ба гурӯҳи мураббиёни ин даста шомил карда шуд.
Дар дувоздаҳ соле (2001-2013), ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии дастаи “металлургҳо» буд, “Регар-ТадАЗ” шаш маротиба чемпиони Тоҷикистон, се маротиба барандаи Ҷоми президенти АФК ва чандин маротиба барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд.
Пас аз ин Ҳабибуллоев давоми солҳои аз “Регар-ТадАЗ” дар канор будан сармураббии дастаҳои “Далерон”-и Истаравшан, “Равшан”- и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор кор кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ