Бозгашти дубораи “Тоҷик Эйр”  

Баъд аз чор соли қатъи парвозҳо ва бо қарзҳои калоне, ки ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дорад, дубора парвоз хоҳад кард.

Парвиз Шодмонзода, директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки барои ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои «Аэробус» бо ширкати туркии “Southwind” шартнома баста шудааст.  Қарор аст, парвозҳои ширкат охири моҳи август ва аввали сентябр сурат гирад.

Таври маълум, “Тоҷик Эйр”, ки ширкати давлатӣ аст, чанд соли охир бо мушкили молӣ рӯ ба рӯст. Аз ҷумла, дар пайи як баҳси додгоҳӣ аз коршарики литвонияш «Скайроуд лизинг» 23 миллион доллар қарздор шуд. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, аҳволи ширкат беҳ нашуд ва ҳавопаймоҳояш аз парвоз монданд. Баъзе ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” дар фурудгоҳҳои хориҷӣ ҳабс шудаанд. Аксари кормандони ширкат дар рухсатии бемузд ҳастанд. Аммо мусъулини ширкати “Тоҷик Эйр” гуфтанд, ки масъалаи қарзи ширкат ҳал мешавад ва “он ба ҳеҷ ваҷҳ ба азсаргирии кор таъсир намерасонад”. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *