7 медали паҳлавонони тоҷик аз Tashkent Junior Asian Cup 2023

Дар Ҷоми кушоди ҷудои Осиё байни наврасону ҷавонон (Tashkent Junior Asian Cup 2023), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, паҳлавонони тоҷик 7 медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқа байни наврасон 86 варзишгар аз 4 кишвар ва байни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 кишвар иштирок карданд. Аз Тоҷикистон дар байни наврасон 33 варзишгар ва дар байни ҷавонон 49 варзишгар ширкат карданд. Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар 16 вазн байни наврасон (8 вазн писарон, 8 вазн духтарон) ва 14 вазн байни ҷавонон (7 вазн писарон, 7 вазн духтарон) баргузор гардид.

Медали тиллоро барои Тоҷикистон дар ин мусобиқа Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг ба даст овард. Аҳлия Муъминов дар вазни то 52 кг, Фазлиддин Садриддинзода дар вазни то 66 кг, Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кг, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни то 81 кг, Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг ва Ҳабибулло Ашўров дар вазни то 100 кг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд. Паҳлавонони дигари тоҷик Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100 кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100 кг мақоми панҷуми мусобиқаро соҳиб шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *