Тафсилоти куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Ду муҳоҷори тоҷике, ки шаби 31-уми июл дар як занозании гурӯҳӣ дар шаҳри Чехови вилояти Маскав кушта шуданд, аз ноҳияи Файзобод будаанд.

Қаблан мақомоти Русия хабар дода буданд, ки дар пайи як муноқишаи гурӯҳӣ миёни муҳоҷирон, ду нафар аз зарби корд ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2-юми август ба расонаҳо иттилоъ дод, ки дар ин занозании гурӯҳӣ даҳ нафар шаҳрванди Тоҷикистон ширкат карда, ду нафар кушта шудаву ду тан аз гумонбарон дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Радиои “Озодӣ” иттилоъ медиҳад, ки баҳс миёни як гурӯҳ аз сокинони вилояти Хатлон ва ноҳияи Файзобод сар задааст.

Қурбониёни ҳодиса Далер Тағойзода, сокини 28-солаи деҳаи Фатҳобод ва Далер Юсуфзода, сокини 31-солаи деҳаи Муминободи ноҳияи Файзобод будаанд.

Наврӯз Нуриддинов, раиси ҷамоати шаҳраки «30-солагии Истиқлол»-и ноҳияи Файзобод 2-юми август дар суҳбат бо “Озодӣ” хабари кушта шудани ду сокини ин ҷамоатро тасдиқ кардааст. Дар назар аст, ки имрӯз ҷасадҳои Далер Тағойзода ва Далер Юсуфзода ба зодгоҳашон оварда шаванд. Ҳарду аз кушташудаҳо оиладор ва соҳиби фарзанд будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *