Урметан: кумаки “ТСЕЛЛ” ба зарардидагони офати табиӣ

Аз ҷониби роҳбарияти ширкати мобилии “ТСЕЛЛ” ба зарардидагони офати табиӣ дар мавзеи Лангари деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ 80 халта орд кумак карда шудааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Айнӣ, раиси ноҳия Муқим Муродзода ба роҳбарияти ширкати “ТСЕЛЛ” миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расонидааст.

— Ширкати мобилии “ТСЕЛЛ” яке аз ширкатҳои маъруфу бонуфуз натанҳо дар вилояти Суғд аст, балки дар ҳудуди ҷумҳурӣ низ обрӯю эътибори баланд дошта, ҳамеша дар хизмати мардуми Тоҷикистон мебошад. Имрӯз низ ин ширкат бо дастгирии босахояш тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат хизматгори халқ аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ин рӯзҳои барои сокинони ноҳияамон душвор ба ҳамаи онҳое, ки ба мусибатзадагон дасти мадад дароз менамоянд, изҳори миннатдорӣ баён менамояд,- гуфтааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 28-уми июли соли 2023 дар натиҷаи боришот ва омадани сел дар мавзеи номбурда ба кӯчаю ҷӯйборҳо, хонаю ҳавлӣ ва оғилу таҳхонаҳои аҳолӣ хисороти зиёд расида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *