Кӯлоб: Ғасби замин зиёд шуд

Зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб Мирзозода Муҳриддин Нур гуфт, ки ғасби ғайриқонунии замин дар нимсолаи аввали соли равон нисбатан афзудааст.

Пас аз 1479 чунин санҷишҳо 83 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Ҳолатҳои забти қитъаҳои заминҳои муассисаҳои таълимӣ низ ҷой доранд.

Як намояндаи матбуот суол дод, ки мақомоти прокуратура дар минтақа санҷишҳои зиёде гузаронидааст ва оё нитиҷаҳои онҳо дар матбуот инъикос меёбанд ё не? Ба ин савол ҷавоби мушаххасу аниқ дода нашуд. Ишора шуд, ки баъзан кормандони ҳифзи ҳуқуқ даст ба қонуншиканӣ мезананд. Дар ин хусус як мисол ҳам оварда шуд. Ҳоло оид ба ин кор санҷиш идома дорад.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *