Бозор Собир боз дар реаниматсия
Наздикони Бозор Собир мегӯянд, ки ин шоири шинохтаи тоҷикро рӯзи 17 апрел дигарбора ба шуъбаи реаниматсияи бемористони шаҳри Сиэттли Амрико гузарондаанд.
Ба гуфтаи наздиконаш, суғуртаи тиббии шоир ҳама хароҷоти табобати ӯро намепӯшонад ва хонаводаи Бозор Собир барои табобати ӯ ба мушкилоти молӣ рӯбарӯ шудаанд. Бозор Собир аз поёни моҳи март дар бемористони шаҳри Сиэттли Амрико таҳти табобат қарор дорад. Аз аввали сол ин бори дуюм будааст, ки Бозор Собир рӯи кати бемористон меафтад ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба ин қазия дахолат карда, сафирони Тоҷикистон дар Амрико ва Созмони Милалро ба аёдати шоир ба Сиэттл фиристода буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ