“Иттифоқи норозиён” имрӯз ҷаласа дорад

Чанд узви собиқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки ихроҷашон соли гузашта баҳси зиёдро ба по карда буд, созмони нави адабии худро таъсис доданд.Ҷаласаи нахустини «Иттиҳодияи байналмилалии нависандагон ва табибон» рӯзи 18-уми апрел дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.Раёсати ин созмонро, ки моҳи марти имсол дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабтином шудааст, пизишк Муллозуҳур Тоҳирӣ бар уҳда дорад. Тоҳирӣ низ соли гузашта бар асоси як қарори Иттифоқи нависандагон аз сафи ин созмони эҷодӣ берун карда шуд.Муллозуҳур Тоҳирӣ рӯзи 17-уми апрел гуфтааст, ки тақрибан 80 нафар ба узвияти созмони нави эҷодӣ пазируфта шудаанд, ки дар миёнашон даҳ узви собиқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ ҳаст. Ӯ дар мавриди ин ки чаро дар унвони созмон калимаи табибон ҳам ҷой дода шудааст, гуфт, «тамоми нависанда бояд пизишк ҳам бошад».»Мо нашрияи худро бо номи «Солимӣ ва дарозумрӣ» нашр кардем. Ҳоло маҷаллаи “Тиб ва табобат”-ро таъсис додем, ки дар се моҳ як дафъа чоп хоҳад шуд. Нашриёти тибро сабтином мекунем ва китобҳоро тавассути он нашр хоҳем кард. Диди иттиҳодияи мо дигар аст», — афзудааст  ӯ.​Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, ки барои тарғиби “ишқи бадахлоқона ва бисёрзанӣ” аз узвияти Иттиҳоди нависандагон хориҷ шуда буд, ба ҳайси муовини Муллозуҳур Тоҳирӣ интихоб шудааст. Гули Зард дар гуфтааст, ки рӯзи 18-уми апрел аввалин ҷаласаи кории созмон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. “Низомнома ва шеваи кори ҷамъияти нав муаррифӣ хоҳад шуд», — гуфт ӯ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *