Энтони Блинкен

«C5+1». Блинкен ба вазирони корҳои хориҷӣ чӣ гуфт?

Энтони Блинкен — котиби давлатии Амрико рӯзи 28-уми феврал дар шаҳри Остона ва дар чаҳорчӯби «C5+1» бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ вохӯрд. Дар нишаст ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, энержӣ, муҳити зист ва амният таваҷҷуҳ шудааст.

Нишасти «С5+1» аз соли 2015 баргузор мегардад ва ин як маҳфили кориест, ки барои баррасӣ ва ҳамоҳангсозии барномаву нақшаҳои муштарак таъсис шудааст.

Сафари Блинкен ба пойтахтҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон аввалин боздиди ӯ аз минтақа ба ҳайси дипломати аршад дар ҳукумати Байден мебошад. Блинкен аснои вуруд ба Қазоқистон бо раисҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон мулоқот кард.  

Дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додаанд, ки вазир Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти «С5+1» иштирок ва суханронӣ кард, вале дар бораи мулоқоти ҷудогонаи ӯ бо Блинкен чизе нагуфтаанд. Қарор аст, ки Блинкен ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *