Асозода

Нома ба модар: Оча, шир фиристонед, «4 лес чакка 3 сомонӣ шудааст”…

Салом, оча! Очаҷон, боз нагӯед, ки бачаи гандаатон шуморо ёд намекунад. Ҳамеша, ҳар соату лаҳза бо ёди шумоям. Пайт мепоям, фурсат меҷӯям, то каме камкор шавам ва ба дидоратон шитобам. Аммо, чӣ илоҷ, ки чархи гардун на ҳамеша бо хости мо мечархад!?

Нишаставу фикр кардам, ки ба номатон ин мактуби кушодаро нависам ё не? Ростӣ, аз он ҷиҳат дудилагӣ ба миён омад, ки шояд фикр кунед: “Дар ҳолати тангдастӣ ба ёдаш расидам”. Аммо ин андешаро зуд аз майнаам дур кардам. Зеро, медонам, очаи ман беҳтарин очаанд ва ҳеҷ гоҳ ба гумонҳову шубҳаҳо роҳ намедиҳанд.

Медонам, очаам, ки ширашонро фаровон бароям арзонӣ доштаанд, дар ин замони қимматии шир ҳам бароям аз шири гови зардамон мефиристонанд.

Рости гап, оча, рӯзи якшанбеи гузашта қазияе аламамро овард. Худатон медонед, ки бачаатон одами қурутобдӯстдор аст. Ҳаваси қурутоб омаду ба бозори “Меҳргон” рафтам. Як сесомонӣ ба зани чаккафурӯш дароз кардам, то чакка диҳад. Инро ҳам бояд бигӯям, ки ҳар дафъа бо ҳамон се сомонӣ чакка мегирифтам ва он барои як табақ қурутоб кофӣ буд. Аммо ин дафъа мушоҳида кардам, ки хеле кам аст. Хоҳиш кардам, то болои он ба андозаи 5 сомонии дигар чакка илова кунад. Марде, ки паҳлуи ман истодаву хӯриш мехарид, сабаби дархости иловагиро фаҳмид ва шӯхиомез луқма партофт:

— Ҳоло ҳама ҷо ҳамин хел. Мисли ҳамон қаҳрамони “Лаҳзаҳои гуворо”, ки як газиданӣ ҳасибро 1 сомонӣ мефурӯшад, чаккафурӯшҳо ҳам чор лесиданӣ чаккаро се сомонӣ мефурӯшанд.

Зани чаккафурӯш чин бар ҷабин кашид ва бо ситеза гуфт:

— Айби мо чӣ!? Пеши ширфурӯш раведу пурсед, ки як литр шир чанд сомонӣ аст?

Ман, ки намехостам сари масъалаи чакка дар як бозори калон моҷаро барпо шавад, гашти дипломатӣ кардам:

— Апа рост мегӯянд, як литр шир дар муддати кӯтоҳ аз 4 сомониву 50 дирам ба 6, баъд ба 7, пасон ба 8 расиду ҳоло то 9 сомонӣ ҳам ҳаст. Пас, магар мантиқӣ нест, ки як кило чакка аз 10-11 сомонӣ ба 22-23 сомонӣ расад?

Чаккафурӯш таскин ёфту аз нутқи олиҷанобам хушҳол шуд ва ман оҳистаяк аз растаи чаккафурӯшҳо берун рафтам. Ба хона расидам. Чаккаро бо равғани зағири фиристодаатон қурутоб кардаву болояшро бо як дона “пиёзи тиллоӣ”-и килояш 10 сомонӣ “оростем” ва тановул кардем. Чун шикам сер шуд, боз дар фикри маҳсулоти ширӣ афтодам. Баъди радду бадали андешаҳои худ ба худӣ хулоса баровардам, ки беҳтарин роҳ дархости шир кардан аз шумост, очаҷон! Зеро, дигар дил ҳам таҳ кашидааст аз ширҳои обомехтаи мағозаву бозорҳо ва дилгир шудаам аз шири беқаймоқи ширфурӯшҳое, ки бо садои субҳгоҳии “шииииир, шиииирда биё!” ба ҷойи хурӯс мардумро аз хоб бедор мекунанд.

Дар омади гап, зимни нишасти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода аз истеҳсоли 1 млн 212 ҳазор тонна шир дар соли 2022 хабар дода, гуфт, ки “сабаби боло рафтани нархи шир ба мавсим вобастагӣ дорад”.

Аммо, очаҷон, ман дар мавриди шир ягон гуна мавсимро намебинам ва тасаввур кардан ҳам намехоҳам. Зеро, шир маҳсулотест, ки ҳеҷ гуна мавсимро намеписандад. Ба ду далел. Якум ин ки, говҳо ҳам дар сардӣ бор меоранд ва низ дар гармӣ. Дувум, дар сардӣ шир истеъмол мешавад ва дар гармӣ боз ҳамон шир, аммо дар шакли дигар, яъне чакка, дӯғ ё ҷурғот! Пас, роҳи чора чист? Зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол. Дигар ҳеҷ!

Барои ҳамин, то зиёд шудани истеҳсолу паст гардидани нарх ширро фиристонед, ширчойу ордоб мепазем, худамон дӯғ мекашем, маска мегирем ва барои қурутоб чаккаву қурут омода мекунем.

Баҳона накобед, очаҷон… “Ҷосусҳо”-и ман хабар оварданд, ки боз гови ало ва ҳам гови сиёҳамон наздик ба таваллуд кардананд…

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *