Чӣ тавр маоши 69 нафарро мегирифт?

Мудири собиқи Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритус Ёқуби Л. ба тасарруфи маблағҳои ин корхона ба андозаи қариб ним миллион сомонӣ айбдор мешавад.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 18-уми апрели соли 2024 хабар дод, ки Ёқуби Л. аз 19-уми декабри соли 2014 то 3-юми апрели соли 2023, яъне беш аз 8 сол дар вазифаи мудири ин муассиса кору фаъолият карда, аз моҳи январи соли 2021 то моҳи майи соли 2023 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони масъули муассиса бо роҳи сохтакорӣ ба ному насаби 69 корманди собиқи литсей ва шахсони бегона парвандаҳои шахсӣ оид ба гӯё кор кардани онҳо дар ин корхона ва ҳуҷҷатҳои муҳосибиро омода кардаанд.

Сипас Ёқуби Л. ва шарикони ӯ дар асоси ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ омодашуда ба номи 69 нафар ғайриқонунӣ кортҳои бонкӣ кушода, ҳар моҳ ба номи онҳо ҷамъ маблағи 470 ҳазору 583 сомониро ҳамчун музди маош гузаронида, сипас тавассути банкоматҳо ин пулҳоро нақдӣ кунонида, гирифтаанд. Ёқубов ва ҳамроҳонашро барои тасарруфи маблағи ниҳоят калон то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва ё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *