Чанд садамаҳои маргбори рузҳои охир
Чуноне аз хабарҳои сомонаи ВКД бармеояд 6-уми июни соли 2017, тахминан соати 10:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 35-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи ронанда, марди 22-солаи сокини шаҳри Роғун бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири автомашинаи мазкур писарбачаи 7-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ин рӯз, тахминан соати 01:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Норак ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби чароғи миёнаи роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Норак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
6-уми июн, тахминан соати 15:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-180”, марди 59-солаи сокини ноҳияи Нуробод ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, дар километри 93-юми роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Рашт-Лахш, ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ, бинобар сабаби боридани борони сел сангпораҳо аз кӯҳ афтида, ба қисми пеши тарафи чапи автомашина бархӯрдааст.
Дар натиҷа, автомашина ба ҷарии баландиаш 70-метр чаппа шудааст.
Мутаассифона, мусофири автомашинаи мазкур, марди 31-солаи сокини ноҳияи Нуробод ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расида, худи ронанда дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Таҳқиқи ҳодисаҳо идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ