Зебосанами тоҷик дар озмуни «Москва— Событие»

Дилфуза (Диля) Холиқова дар байни довталабони озмуни зебоии Мисс «Москва— Событие» дар ҷои аввал аст. Дилфуза дар даври аввали ин озмун пӯшидани либоси нимбараҳнаро рад кард, вале ҳусну куртаи чаканаш доваронро чунон мот кард, ки ӯро ба даври дуюм роҳ доданд.

Дилфуза (Диля) Холиқова – зебодухтари 23-солаи тоҷик ҳоло дар даври дуюми озмуни зебоии Мисс «Москва— Событие» низ бо 149 овоз дар ҷои аввал аст. Масъулони озмун мегӯянд, ки он довталабоне ки дар зарфи ҳафта овози аз ҳама бештар ба даст биоранд ба даври ниманиҳоии озмун роҳхат мегиранд.

Дилфуза Холиқова танҳо довталаб дар озмуни зебоии Мисс «Москва— Событие» аст, ки аз ширкат дар ин сабқат бо либоси нимбараҳна (бикини) даст кашидааст. Аммо доваронро ҳусни ин гулдухтари тоҷик ва куртаи чаканаш чунон моту мабҳут кард, ки ӯро ба даври дуюми озмун роҳ доданд.

Дилфуза Холиқова зодаи ноҳияи Шаҳритӯси Тоҷикистон буда, 15 соли охир дар Русия зиндагӣ мекунад. Дилфуза Донишгоҳи санъати шаҳри Череповетско хатм карда, ҳоло нақшаи шомил шудан ба Донишгоҳи равобити байналмилалии Маскав (МГИМО)-ро дар сар дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *