Чаро 426 корхонаи саноатӣ нишондоди сифр пешниҳод карданд? Шарҳи Шералӣ Кабир

Дар Тоҷикистон 729 корхонаи нав соли гузашта ба кор шуруъ кардаанд. Дар ин миён 426 корхонаи саноатӣ нишондоди сифрӣ пешниҳод намудаанд.

Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир иттилоъ додааст.

-Дар раванди кори саноатӣ бархе корхонаҳо вобаста ба чандин омил метавонанд фаъолияти худро қатъ кунанд ва мо ба ин назар нестем, ки ҳамаи корхонаҳои мавриди назар аз кор мондаанд,-, гуфт Шералӣ Кабир ба хабаргузории хабаргузории Sputnik.

Ӯ таъкид кардааст: “Бале, аз нигоҳи берунӣ чунин ба назар мерасад, аммо асли воқеият дигар аст. Инҳо аслан корхонаҳоеанд, ки нишондодҳои сифрӣ пешниҳод кардаанд. Ин чӣ маъно дорад? Онҳо қудрати истеҳсолӣ доранд, аммо ба далоили мухталиф кор накардаанд ва нишондоди сифрӣ дар ихтиёри омор гузоштаанд”.

Вай дар шарҳи ин суханонаш афзуд, агар корхона ду сол нишондоди сифрӣ пешниҳод кард, ба ҷумлаи корхонаҳои бозистода шомил мешавад ва ин ба он маъност, ки дар ҳоли фароҳам шудани шароит метавонад дигарбора ба фаъолият шуруъ кунад.

“Ин ба он маъност, ки бозистодан ё муваққатан кор накардани корхонаҳо дар соҳаи саноат ё ҳар соҳаи дигар як тамоюли табиӣ ва дуруст аст ва ҳам ҷои нигаронии хос надорад, зеро метавон вазъро ислоҳ кард”, — шарҳ дод вазир.

Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, тайи соли 2023 дар кишвар 426 корхонаи саноатӣ нишондоди сифрӣ пешниҳод кардаанд ва дар ин миён 729 корхонаи нав ба кор шуруъ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *