Чаро дар Тоҷикистон адибони кӯдакон тухми анқоанд?
Аз ҷумлаи 400 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳудуди 70 нафар барои кӯдакони наврасон шеъру тарона ва ҳикояҳо таҳия мекунанд.
Аз ҷумлаи 400 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳудуди 70 нафар барои кӯдакони наврасон шеъру тарона ва ҳикояҳо таҳия мекунанд.
Яке аз чунин адибон Азиз Азизӣ аст, барои кӯдакону наврасон 100 ҳикоя ва 200 афсона навиштааст.
Ҳоло ин адиби забардаст китоби нависандаи Шведсия Астрид Линдгрен “Пеппӣ бо чуроби дароз”-ро тарҷума карда ва барои нашр омода кардааст. Ин китоб дар бораи сеҳргари афсонавӣ аст, ки ҳамеша некӣ мекунад ва ба ҳамагон дар ҳалли мушкилот мададгор аст.
Дар ҳошияи Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон”, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, Ҷумъа Мирзоев, сардабири нашрияи кӯдакони Тоҷикистон гуфт, ҳоло нашри китоби кӯдакона дар кишвар коҳиш ёфта ва бештари кӯдакону наврасон аз тариқи шабакаи Интернет асарҳои дӯстдоштаи худро мутолиа мекунанд.
Ба манзури ҷалби таваҷҷӯҳ ба китобҳои кӯдакона дар Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон озмуни расмҳо баргузор хоҳад шуд. Аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон мактаббачаҳо расмҳои кашидаи худро ба озмун фиристодаанд.
Дар назар аст, дар чорчӯби фестивал намоиши китобҳои тозанашр, вохӯриҳо бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили Озмуни расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона «Китобчаи дўстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурўхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кўдакон», Озмуни ровиёни ҷавон доир гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ