Чаро Мирзиёев аз 3,5 соли боқимондаи ваколаташ даст мекашад?

Президенти Ӯзбекистон дар бораи баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ хабар дод. Вай тавзеҳ дод, ки чаро аз 3,5 соли боқимондаи ваколаташ «даст» мекашад.

Дар ҷаласа бо роҳбарони палатаҳои Олий Мажлиси, ҳизбҳо, ҳокимиятҳои судӣ ва иҷроия, ки ба натиҷаҳои референдум ихтисос ёфта буд, изҳор дошт: «Табиатан ин савол ба миён меояд, ки чунин тасмим чӣ зарурати вақеъгароёнае дорад? Чаро ман худам аз сею ним соли боқимондаи давраи президентӣ даст мекашам?».

Ӯ дар посух гуфт: “Шумо худатон мебинед, ки тибқи Қонуни Асосии мо, аввалан, ҳама шохаҳои ҳокимият ислоҳ мешаванд, муносибат ва таносуби байни онҳо ба таври ҷиддӣ тағйир меёбад”.

— Сониян, дар Конститутсияи нав дар назди президент, парлумон, ҳукумат, вазирон, ҳокимон вазифаҳои нави таъхирнопазири сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гузошта шудааст,- гуфт роҳбари давлат.

“Сеюм, мардуми мо аз мо тағйироту ислоҳоти ниҳоят муҳиму фавриро дар тамоми соҳаҳо интизоранд”,- илова кард президент.

“Чаҳорум, дар шароити кунунӣ, ки дар ҷаҳон ва минтақа равандҳои шадиду печида ҷараён доранд, ҷустуҷӯ ва татбиқи роҳи дурусту муассири рушд масъалаи ниҳоят муҳимтарин мебошад. Ҳамватанони азизу гиромӣ, ҳама мебинед, ки мо дар назди худ ҳадафҳои боз ҳам баландтар гузоштаем»,- ба суханаш идома дод Шавкат Мирзиёев.

«Мо минбаъд низ сари ҳар як масъалаи марбут ба ҳаёти давлату ҷомеа, рушди имрӯзу фардо танҳо ва танҳо бо шумо, мардуми хирадманду саховатмандам кор хоҳем кард»,- изҳор дошт ӯ.

“Беҳуда дар Қонуни Асосии мо халқ манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дарҷ нагардидааст. Аз ин лиҳоз, дар низоми навшудаи ҳокимияти давлатӣ роҳбарият бояд танҳо ба роҳбаре дода шавад, ки халқи мо, такрор мекунам, танҳо халқи мо ба ӯ эътимод дорад”,- гуфт президент.

«Ман боварӣ дорам, ки дар шароити кунунӣ ин қарори дуруст ва одилонатарин хоҳад буд»,- таъкид кард ӯ.

Президент изҳори итминон кард, ки интихобот дар доираи қонун, ошкоро ва шаффоф мегузарад, ҳизбҳо ва ғояву ташаббусҳои наверо ба миён мегузоранд, ки барои сулҳу шукуфоии кишвар ва некӯаҳволии мардум хизмат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *