Рустами Эмомалӣ бо Сердар Бердимуҳаммедов мулоқот кард

10-уми май дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, сурат гирифт. Дар ин бора дар портали Маҷлиси миллӣ хабар дода шудааст.

Тибқи хабар, Рустами Эмомалӣ президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, пас аз он ҷонибҳо аз пайомади ин сафар дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии ду кишвар ва таъсиргузор будани он дар оянда изҳори боварӣ кардаанд.

Ҳамчунин дар хабар омадааст, ки “ҷонибҳо дар атрофи маҷмуи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин густариши робитаҳои байнипарламентӣ бо таваҷҷуҳ ба сӣ соли равобити дипломатии байни ду давлат мубодилаи афкор намуданд”.

Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи байниҳамдигарии минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *