Дар шумораи №19-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Писарам зани рус гирифту…?”, “Таънаи зан қоматамро шикаст”, “Зани дуюм тиллоӣ аст?” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобномаи исломӣ” таҳти унвони “Ҷанҷол дар хоб” ба суоли хонандаи ҳафтанома посух дода шудааст.

Қиссаи “Маро пирдухтар мегӯянд”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи як ҷавондухтар, ки марги ҷавони дӯстдоштаашро то ҳанӯз таҳаммул карда наметавонад ва рад кардани хостгорони зиёду шавҳар накарданаш боиси ҳамчун пирдухтар ном баровардани ӯ гаштааст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома таҳти рубрикаи “Оила ва ислом” саволу ҷавобҳои динӣ ва маводи кӯтоҳеро бо сарлавҳаи “Худкушӣ баробар ба одамкушист” оид ба ҳукми худкушӣ дар ислом мутолиа карда метавонед.

“Ашки ҳасрат” қиссаи навбатиест, ки бори дигар аз вуҷуд доштани хушунати оилавӣ дар хонадони зани тоҷик далолат медиҳад. Қиссаи мазкур давомдор буда, анҷоми онро дар шумораи навбатии ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз саҳнаи тарбиявии Шон МС то нашри “Айлин”-и Мубориз Усмонов” мутолиа намоед.

“Завҷаам раҳнамои зиндагиам буд”. Чунин аст зиндагиномаи пирамарди 97-сола, ки бо завҷаи худ 70 сол умр ба сар бурда, айни замон дар ҳалқаи фарзандону набераву аберагон давлати пирӣ меронад.

Зери рубрикаи “Солимӣ” таҳти унвони “Вақте ки кӯдак дандон мебарорад” маводи тиббиро дар боби дандонбарории кӯдакон мутолиа намоед.

“Ҳамсарам аз рашки ман метарсад”. Чунин ном гирифтааст мусоҳибае, ки таҳти рубрикаи “Аз рӯзгори ситораҳо” аз зиндагиву кор ва фаъолияти фалаксарои тоҷик Нусратуллои Иноятулло маъруф бо номи Михаил Ломоносов дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *