омӯзгор

Чаро омӯзгорони ҷавон муассисаҳои таълимиро тарк мекунанд? 

Соҳаи маориф баҳри пешравии ватани ободу осоиштаамон нақши басо бузург дорад ва маҳз омӯзгорон ҳастанд, ки ҷамъият бо хираду дониш мусаллаҳ мегардад. Аммо сад афсӯс, ки омӯзгорон имрӯз ба мушкилоти ҷиддии соҳавӣ гирифтор шудаанд, ки гӯё ҳеҷ гоҳ ҳал намешавад…      

Масалан, ман 5 сол пеш фикр мекардам, ки омӯзгор шуда, баҳри пешравии насли ҷавон кӯшиш мекунам ва ҳамин тавр ҳам шуд, аммо сад афсӯс, ки каме ба иштибоҳи хаёлӣ роҳ додаам. Номи омӯзгор дар радиову телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо бо беҳтарин тавсифҳо ёд мешавад, аммо касе савол намекунад, ки чаро омӯзгорони ҷавон тарки касб мекунанд? Банда аз мушоҳидаҳои худам ба ин савол посух пайдо кардам.

Мутахассиси ҷавон вақте нав донишгоҳи олии кишварро хатм карда, ба муассисаи таълимӣ ба кор меояд, ба як қатор муаммоҳо гирифтор мешавад. Масалан агар ӯ як воҳиди корӣ дошта бошад, 800 ё 900 сомонӣ маош мегирад. Бошад, омӯзгори ҷавон ба маоши кам ҳам тоқат мекунад, вале дар баробари таъмини худу оила бояд ин музди ҳалолро ба обуна, комиссия, шуъбаи ноболиғон, нозири минтақавӣ ва боз дигар шикасту рехта мактаб расониданаш лозим меояд. Муаллим маҷбур аст, ки дар аввали соли таҳсил ба ҳаҷми 250 ё 260 сомонӣ аз ташхиси тиббӣ гузарад, 40-50%-и маошашро ба обуна ва дигар сарфу харҷи мактаб бидиҳад ва бо 300 ё 400 сомонии боқимонда як моҳ зиндагӣ кунад. Яъне, дар як рӯз аз 10 сомонӣ зиёд сарф кардани муаллим мумкин нест.

Ман то ҳол намефаҳмам, ки зарурати ҳамасола аз ташхиси тиббӣ гузаштан дар чист? Ҳол он ки, ҳамагон медонанд, касе аз ташхис намегузарад ва бар иловаи 275 сомонӣ, бо додани 5 сомонӣ маълумотномаи тиббӣ мегирад…

Илова бар ин, беэҳтиромии кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбати омӯзгорон ба назар мерасад. Муаллими ҷавонро маҷбуран, гӯё гуноҳ ё ҷинояте содир карда бошад, мисли ҳайвон аз дасту пояш бардошта, ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд ва дар назди шогирдон иззату шаъну шарафи омӯзгорро паст мезананд. Ман ин ҳарфҳоро аз ҳаво намегӯям, балки ин таҷрибаро аз сар гузаронидаам. Магар омӯзгори деҳотро ба хизмати ҳарбӣ бурдан мумкин аст?

Ё дигар имтиёзҳое, ки барои омӯзгорони ҷавон мутобиқи қонун муайян карда шудааст, дар рӯйи коғаз ҳасту халос, дар амал чизе нест ва агар муроҷиати хаттӣ кунед, воқеиятро мефаҳмед.

Масалан, чунин имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон дода шудааст:

а) бе навбат тақсим намудани замини наздиҳавлигӣ;

б) додани қарзҳои бефоиз, ки қонун муайян намудааст;

в) додани қарз барои харидории чорвои шохдор ва ғ.

Куҷост ин имтиёзҳо ва чаро мо баҳравар намешавем?!

Кош иқдоме мешуд, ки каме ҳам бошад, камбудиҳои дар боло зикркардаам ҳалли худро меёфтанду мо омӯзгорони ҷавон боз бо иродаи қавӣ касби пуршарафи хешро давом медодем.

Эҳром РАҶАБОВ,

омӯзгор, деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан

Қонун мтиёз медиҳад, омӯзгор бархӯрдор нест!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» имтиёзҳои зиёдеро барои омўзгорон пешбинӣ кардааст. Имтиёзҳои мазкурро моддаи 53 («Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф”) муайян намудааст.

Моддаи 53. Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои чунин имтиёзҳо мебошанд:

— муҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;

— ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;

— ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;

— аз хизматрасонии коммуналии ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

— барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарафроз гардонида шаванд;

— барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарафроз гардонида шаванд;

— омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;

— ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;

— барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;

— бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;

— омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд;

— омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;

— омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

— барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

— барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар истифода бурданро доранд.

Моддаи 54. Таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

4. Ба омӯзгорон барои роҳбарии синф, санҷиши корҳои хаттӣ ва лабораторӣ, мудирии кабинетҳои фаннию методӣ ва дигар корҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ муқаррар карда мешавад.

5. Ба музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар ноҳияву маҳалҳои шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиентҳо ва иловапулӣ муқаррар карда мешавад. Номгӯи чунин маҳалҳо, андоза ва тартиби пардохти коэффитсиентҳо ва иловапулиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро бо қитъаҳои замин ва дигар молу мулк таъмин менамоянд.

АЗ ИДОРА:

Оё омӯзгорон аз имтиёзҳои худ хабар доранд? Аз ин имтиёзҳо истифода мебаранд? Оё оморе ҳаст, ки чӣ қадар омӯзгорон дар давоми соли 2022 аз имтиёзҳо бархӯрдор шуданд? “Тоҷикистон” назари омӯзгоронро низ нашр мекунад…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *