Асал

Президент ба гӯши Асал чӣ гуфт?

Апаву хоҳар Фараҳноз ва Асал ду чеҳраи телевизиони “Баҳористон” ҳастанд ва миёни мардум маҳбубият доранд. Чӣ тавр ду хоҳар тавонистанд дар кӯдакӣ маваффақ бишаванд? Мо бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, асрори муваффақияташонро ҷӯё шудем.

Фараҳноз: “Ангубин” маро машҳур кард!

Фараҳноз боре фикр намекард, ки замоне ба телевизион меояд, зеро падару модараш хеле сахтгир буданд. Вале вақте ба мактаби онҳо аз Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе барои чорабинии бахшида ба Рӯзи Модар намояндаҳо омаданд ва ин духтарак онҷо ба ҳайси баранда иштирок кард, Комилҷон Холов истеъдоди Фараҳнозро дида, ӯро барои ҳамкорӣ ба телевизиони “Баҳористон” тавсия дод. Фараҳноз аввал дар барномаи “Як соат” як бахшро мебурд. Мехост зудтар ба эфир барояд, вале ӯро роҳ намедоданд. Коргардоне мегуфт, ки ӯ барои эфир мувофиқ нест. Вале вақте он коргардон ба рухсатии меҳнатӣ баромад, роҳи Фараҳноз низ ба эфири телевизион боз шуд. Ҳоло Фараҳноз муҳаррири варзидаи телевизиони “Баҳористон” аст. Ӯ то имрӯз ровии чандин барномаҳо буд, вале тавре ишора шуд, барномаи машҳури ӯ “Ангубин” мебошад.

Фараҳноз мегӯяд, ки ин барнома муаррифгари кӯдакони болаёқати то синни 7-сола мебошад ва 5 сол аст, ки ба эфир мебарояд.

“Дар оғоз ташкили ин барнома осон набуд. Мо барои кофтани кӯдакони болаёқат бисёр танқисӣ мекашидем, вале ҳоло ин барнома он қадар муваффақ шудааст, ки кӯдакон дар навбат меистанд”,- мегӯяд ӯ.

Фараҳноз оғози барномаи “Ангубин”-ро ба ёд оварда, нақли аҷибе кард: “Дар оғоз барномаи “Ангубин” машҳур набуд. Кӯдакони боистеъдод ёфтан душвор буд. Дар нашри 12-уми барнома фикре ба сарам омад, ки хоҳари аз ҳама хурдиям Асалро, ки хеле доно буд, ба барнома орам. Он вақт Асал 3 сол дошт. Вақти сабти барнома касе намедонист, ки ӯ хоҳари ман аст. Ӯ низ сир бой намедод. Вақте пурсон мешудам, ки дар оила чанд нафар ҳастед, ҳамаро номбар мекарду маро не. Ҳамин тавр, барномаи “Ангубин” машҳур шуд”.

Асали “Ширинак”

Ҳамин тавр, Асал низ ба телевизион роҳ ёфт. Аввалин барномаи муштараки апаву хоҳар “Полези сеҳрнок” ном дошт. Он вақт Асал 4-сола буд. Ҳоло Асал барномаи муаллифии худашро ҳамроҳи Фараҳноз пеш мебарад, ки он “Ширинак” ном дорад. Чунин барнома дар телевизиони тоҷик бесобиқа аст. Роҳбарияти Телевизиони “Баҳористон” ба хотири Асал номи барномаро “Ширинак” гузоштанд. Дар ин барнома Асал ба ҳамсолонаш пухтани шириниҳои гуногунро меомӯзонад. Барнома чунин оғоз мешавад: “Салом, ман Асал ва ин барномаи Ширинак”. Асал мегӯяд, ки барномаи онҳо тамошобини зиёд дорад ва мардум ӯро мешиносанд: “Худи ҳозир вақте ба идораи “Тоҷикистон” меомадам, одмон маро дида, “Асали ширинак” гуфта, мешинохтанд”…

Асал сароянда низ ҳаст. Аввалин сурудашро вақти 4-сола буданаш дар телевизион сабт кард. Он суруд “Ватан” ном дошт. Ӯ ифтихор мекунад, ки дар ҳузури Президенти кишвар низ суруд хондааст.

“Дар назди Пешвои миллат суруди “Шоли зар”-ро бо куртаи чакан ва рақс сароидам. Ҷанобӣ Олӣ маро ба наздашон даъват карда, ба оғӯш гирифтанд ва якум номамро пурсиданд. Чун гуфтам, ки Асал ном дорам, он кас хандиданд ва маро оғӯш гирифтанд. Он вақт ман дар ҳаяҷон будам.

Асал ҳоло дар мактаб дар синфи 2 таҳсил мекунад, вале аз ҳамсабақонаш хеле пешрав аст. Саҳифаи ӯ дар “Инстаграм” обуначиёни зиёд дорад ва хеле фаъол аст. Чун Асал ҳоло хурд аст, саҳифаи “Асалак”-ро дар “Инстаграм” Фараҳноз пеш мебарад.

Роҳ ба “Фурӯғ…”

Фараҳноз ва Асал мегӯянд, ки муваффақияти онҳо ба муҳити оилаашон иртибот дорад. “Маҳз дастгирӣ ва пуштибонии оила аст, ки мо дар ҷодаи хеш муваффақ шудем”,- мегӯяд Фараҳноз. Ӯ ҳамчунин саҳми роҳбарияти Муассисаи давлатии телевизиони “Баҳористон”-ро дар рушди истеъдоди худаш ва хоҳараш муҳим арзёбӣ мекунад.

Фараҳноз ҳоло дар курси сеюми факултаи журналистикаи ДМТ таҳсил мекунад. Соли равон дар филми “Ишқ, пул, Душанбе“, ки дар шабакаи “Ютуб” ҳаводорони зиёде дорад, нақш бозӣ кард.

Ҳамчунин, ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок карда, дар номинатсияи адабиёти бачагона ғолиби ҷойи дуюм гардид.

Асал ҳоло 8 сол дорад ва то имрӯз аллакай 15 суруд сабт кардааст ва ният дорад, ки имсол дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок кунаду соҳиби ҷойи аввал гардад…

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *