табар

Толибон дасти одамонро мебуранд

Толибон дар вилояти Қандаҳори Афғонистон 9 нафарро дар маҳзари ом муҷозоти саҳроӣ карда, аз ин миён дастони чаҳор нафарро ба иттиҳоми дуздӣ буридаанд.

Ин хабар замоне расонаӣ гардид, ки чанд мақоми ин гуруҳ гуфт, дар манотиқи гуногуни кишвар 16 нафар аз сардӣ ҷон додаанд.

Толибон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 иддао карда буданд, ки “дигар Толибони соли 1996 нестанд” ва дар симои онҳо набояд “ҷоҳилу даҳшатафканро” дид, аммо бо гузашти ҳар рӯз ба он ваҳшонияте, ки дар гузашта аз худ намоиш дода буданд, бештар наздик мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.