Чаро Ромизи 31-сола худкушӣ кард?
Ҳодисаи даст ба худкушӣ задани ҷавони 31-солаи истаравшанӣ аз ҳодиса як соат нагузашта тамоми минтақаи суғдро фаро гирифт. Ин ҳодиса шаби 20 июн рух дода, аз оғози рӯз вирди забони ҳамагон шуд. Яке мегуфт ҷавон аз дасти арақнӯшӣ худкушӣ кардааст. Дуюмӣ бар он буд, ки муносибаташ ба оилааш хуб набудаасту ҷавонро ба худкушӣ расонидааст. Сеюмӣ гуноҳро ба душӣ модарандар бор карда мегуфт, ки “модари угай, ки ҳаст сари фарзандшавандашро хӯрд ”, чорумиву панҷумӣ низ марҳумро шинохтаву ношинохта атрофи қасд ба ҷонаш кардани ӯ сухан мекарданд.
Барои асли ҳолро аз забони наздикони марҳум шунидан роҳ сӯи рухдоди ҳодиса гирифтем. Вақте ба хонаи марҳум расидем нав ӯро ба хок супурдаву қисме аз хешовандон дар сари қабр будаанду дигар наздикону пайвандонаш дар хона:
-“Аввалин шуда ман шоҳиди ин ҳодисаи даҳшатнок шудам. Шаб боз ба худ наомадаам. На ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” занг задаму на ба беморхона бурдем. Зеро мурда алакай каб кабуд шуда, мисли як хунук шуда буд”- мегӯяд модарандари марҳум Замира Ахмедова.
Модарандари марҳумИдомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “ОИЛА” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ