Кушандагони муҳоҷири тоҷикро 39,5 сол зиндонӣ карданд

Чуноне интернет-газетаи “Кривое зеркало” иттилоъ медиҳад додгоҳи вилояти Волгоград, Александр Булакро 21 ва Вячеслав Лямаевро ба 18,5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Бино ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия дар Волгоград, ин ду шаҳрванди Русия дар қатли бераҳмонаи муҳоҷири 22-сола дар рӯзи мавлудаш муҷрим шинохта шудаанд.

Тафтишот муайян карда, шаҳрванди Тоҷикистон Файзалиев Усмоналӣ Гулмуродович сокини шаҳри Ваҳдат дар манзили дӯсташ — Александр Булак мавлудашро ҷашн мегирифтааст. Миёни онҳо низоъ бармехезад ва Булак ҳамроҳи ҳамсояаш Вячеслав Лямаев дар ҳолати сархушӣ бо корд соҳибҷашнро маҷбур кардаанд, ба таҳхона гузашта, барои худаш қабр биканад. Баъди ин, бо корд ба бадани шаҳрванди Тоҷикистон мезананд ва ӯро гӯр мекунанд. “Мардҳои аз шароб сархуш ба ёд меоранд, ки соҳибҷашн телефони мобилӣ дошт ва тасмим мегиранд, хокро дубора берун карда, онро бигиранд”,-навиштааст “Кривое зеркало”.

Ба иттилои манбаъ, вақте хокро берун мекунанд, телефонро намеёбанд, вале мебинанд, ки қурбониашон ҳанӯз нафас мекашад. Соҳибхона Александр Булак бо бели дасташ даҳҳо зарба ба бадани соҳибҷашн мезанад ва онҳо ҷасадро дар берун зери қум пинҳон мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *