Тӯҳфаҳои идонаи кормандони милитсия ба ятимон

Дар остонаи таҷлили «20 солагии рӯзи Ваҳдати  миллӣ» ва Иди саиди Фитр роҳбарияти Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, тарбиятгирандагони ин муассисаро аёдат намуданд.

Ҳамин аст, ки роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо нисбати табақаи ниёзманди ҷомеа — ятимону бепарасторон, ашхоси яккаву танҳо ва барҷомондагон ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва сарпарастии Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷандро низ ба ӯҳда доранд.

Маврди зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии вилоят ба ин муассиса мунтазам ёрии моддӣ расонида мешавад. Дар арафаи таҷлили «20 солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ» ва Иди саиди Фитр роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд баҳри дастгирӣ ба «Хонаи кӯдакон»-и  шаҳри Хуҷанд бо дастовезҳои идона ташриф, аз вазъи будубоши тарбиятгирандагон дидан намуда, ба кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуди ин муассиса тӯҳфаҳои идона, маводи хӯрока ва лавозимоти барои парвариши кӯдакон пешбинишуда тақдим намуданд.

 

Бино ба иттилои садорати «Хонаи кӯдакон» дар муассисаи мазкур зиёда аз 60 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва тифлакони имконияташон маҳдуд ба таълиму тарбия ва табобату солимгардонӣ фаро гирифта шуда, имрӯзҳо бо ташаббуси сиёсати ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаазами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳои моддиву маишӣ ва фароғативу тавонбахшӣ ба кӯдакони ятиму бепарастори фароҳам оварда шудааст. Шароитҳои мавҷуда имконият медиҳад, ки кӯдакону ятимони бепарастор ҳеҷ гоҳ хастагиву танҳоиро эҳсос накунанд.

Дар навбати худ мураббиёни «Хонаи кӯдакон» аз иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии чунин муассисаҳо изҳори миннатдорӣ ва мисраҳои зерини Саъдиро замзама намуданд:

Ҳар ки хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Муҳсин Юсупов

лейтенанти калони милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *