Чаро ситораҳои футбол клубҳои арабиро интихоб карданд?

Миллиондорҳои араб солҳост, ки дар Аврупо ба тиҷорати клубҳои футбол машғуланд ва ҳар бозингарро хоҳанд мехаранд, ё мефурӯшанд. Агар даҳ-бист сол қабл арзиши машҳуртарин футболбоз аз 20 то 50 миллион буд, пас ҳоло ин шумора боиси “воҳ”-гӯӣ нест.

Футбол ва маҳсулоти он бозингарон аз 50 то 250 млн арзиш доранд ва ҳам харидор. Ҳатто ҳолате мешавад, ки футболбоз 90 дарсад ҳақи интихоби клуби ояндаашро аз даст додааст ва танҳо хӯҷаинҳо инро муайян мекунанд. Аз ҷониби дигар, баъзе бозингарон ба хотири пулу мол шуда ба чемпионатҳое меоянд, ки бовар дорам, номи клуби навашонро то чанд вақт дуруст талаффуз карда наметавонанд. Шояд маблағ яке аз омилҳои асосии гузариши футболбозон ба Арабистони Саудӣ бошад. Дар сатрҳои поён баррасӣ мекунем.

Яке аз шинохтатарин ситораҳои футбол, маэстрои брозилӣ — Неймар бо дастаи «Ал-Ҳилол»-и Про Лигаи Арабистони Саудӣ қарордоди дусола ба имзо расонд. Ин хабар аксарияти мухлисони футболро ба ҳайрат овард, зеро хабарҳо оид ба гузариши ӯ ба Барселона, Челси ё ягон дастаи МЛС хеле зиёд буд.

Агар гӯем, ки Неймарро дар Барселона хуш пешвоз мегирифтанд, иштибоҳ нахоҳад шуд, зеро тибқи навиштаи расонаҳои кушод президенти даста — Хуан Лапорта мухлиси ашаддии Неймар аст ва аз рӯзи аввали ба фаъолият шуруъ кардан, орзуи камбеки Неймарро ба Барселона дошт. Соли ҷорӣ имконияти беҳтарин ба даст омад, зеро Неймар худ хабар дод, ки дигар дар ПСЖ нияти истодан надорад. Лапорта ҳамроҳи директори варзишӣ Деку аз фурсат истифода бурда, хостанд ситораи брозилиро ба дастаи худ ҳамроҳ кунанд, аммо 2 чиз нагузошт, ки ин амалӣ шавад.

• Якум, вазъи молиявии Барселона. Барселона наметавонист барои харидории Неймар пули зиёд сарф кунад, аммо ин сабаби асосӣ нест.

• Дуюм, Хави. Мураббии даста нахост дар гуфтушунид бо Неймар иштирок кунад, зеро намехост ӯро дар дастаи худ бинад. Ин кирдори Хави Неймарро сахт андуҳгин кард ва ӯ ҳамон замон ба ҳама гуфтушунид бо Барселона нуқта гузошт.

Сабаби нагузаштани ӯ ба Пример Лигаи Англия дигар буд. Манчестер Сити, ки солҳои охир танҳо бо харидории нимҳимоятгарон машғул аст, аз Неймар дида, ба Лукас Пакуэта бартарӣ дод. Челси бошад, Кайседоро харидорӣ кард.

Дар пеши Неймар танҳо ду роҳ монд. Яке Лос — Анджелеси МЛС ва Ал — Ҳилоли Арабистон. Неймар ба ҷои бозӣ кардан дар як лига бо дӯсти деринааш Лео Месси пули арабҳоро интихоб кард. Ҳоло мо намедонем, ки мухлисони ӯ ба қарори Неймар чӣ хел муносибат мекунанд, аммо бояд гуфт, ки на ҳар кас ба шартномаҳои равғании арабҳо «не» гуфта метавонад.

Ҳоло тибқи навиштаи расонаҳо Неймар дар ду сол 320 млн ба даст меорад ва дар баробари ин барояш шароити мусоид фароҳам шудааст, мисли котедж бо тамоми лавозимот ва истироҳат, ҳавопаймои шахсӣ, истиқомат бо дӯстдухтар, ки тибқи талаботи кишвари араб бо духтари бидуни никоҳ манъ аст. Аммо ин қонун ба бачаҳои тиллоии майдони сабзи Аврупо дахл надорад. Соҳибмулкон барои будани футболбозон дар дастаҳои арабӣ омодаанд қонунҳояшонро иваз кунанд. Аммо ин корро як араб кунад чӣ? Ин масъалаи дигар аст ва дар умум маблағ қудрат аст.

Мо маводи худро аз гузариши нозуктарин ва бозингари зуд ҷароҳат мебардошта сар кардем, аммо ҳоло биёед ба он назар кунем, ки чӣ тавр роҳ ба Арабистон пайдо шуд. Бисёриҳо ин масъаларо ба Роналдо марбут медонанд, аммо пеш аз Криштиано аз Африқову Амрикову Аврупо бозингарон буданд, лекин то ин ҳад қудрату тавоноияшонро гӯё нишон намедоданд, зеро дар рақобат бо дастаҳои осиёӣ, ки буҷаашон ба маротиб аз онҳо заифтар аст, борҳо мағлуб шудаанд. Иштиёқи тамошову дидор дар майдону телевизион низ ба чемпионати Арабистон онқадар зиёд набуд ва гоҳ-гоҳ ягон хабар мешунидем. Касе намегуфт, ки “Ал-Наср”-у “Ал-Ҳилол”-у дигар чӣ ҳол дорад. Аммо тибқи гуфтаҳо Арабистон мизбонии ҷаҳон дар соли 2030-ро ният дорад гирад ва ҳамзамон пешниҳод кардааст, ки яке аз дастаҳои пешсафи арабӣ дар лигаи қаҳрамонон иштирок кунад.

Барои гузаронидан ва иштирок дар чемпионатҳои бонуфуз яқинан тағйироти ҷиддии футбол лозим буд ва онҳо ба хулосае омаданд, нафареро даъват кунанд, ки ҳар қадамаш аз назари журналистон дур нест ва омаданаш метавонад боиси сарусадоҳо ва ҳатто дигаргунӣ шавад. Дар ин росто Криштиано Роналдо — ситораи ҷаҳонӣ, ки анқариб ба дастаҳои пешсафи Аврупо дигар лозим набуд, албатта бо сабаби синну сол ва ҳавобаландиву созгор набудан бо баъзе сармураббиён, интихоб шуд ва Роналдо ҳам дид, ки дар ин синну сол маблағи бештар ва баромад дар чемпионати нисбатан заиф, ки метавонад саҳифаи нав барояш бошад, қабул кард. Дар 38-солагӣ пешниҳоди бозӣ кардан ва шоҳона истиқбол гирифтан низ на ба ҳар кас муяссар мешавад. Бузургтарин бозингарон то 35 тарки футбол кардаанд, мисли Зидан, Роналдо, Роналдинио ва дигарон. Мардонавор бояд иқрор шуд, ки маҳз Роналдо пул барои гузариши дигар ситораҳои футбол шуду таваҷҷуҳ ба про лигаи Арабистон якбора афзуд. Гумон мекунам суҳбати Роналдо аз ёдатон нарафтааст, ки гуфта буд: «Маро барои гузариш ба Арабистон танқид карданд, аммо вақте мерасад, ки аз Аврупо ба инҷо бештар меоянд». Бе муҳобо ҳамин тавр ҳам шуд. Тибқи маълумот, бо омадани ӯ 140 кишвар ҳақи пахши бозиҳоро хариданд ва даромади лига ба 650 дарсад боло рафт. Чанд рӯз пеш равзанаи ҳангомавии трансфери дар ин кишвар метавон гуфт бо харид ва пешниҳоди маблағи ҳангуфт ҷамбаст шуд ва анқариб 20 футболбози маъруф ба клубҳои замоне назарногири арабӣ омаданд. Ҳамаи бозингарон метавонистанд дар клубҳои пешсафи Аврупо маҳораташонро ҳам сайқал ва ҳам идома диҳанд, аммо гумон мекунам маблағ ҳама чизро ҳал кард. Аслан то андозае зидди ин гуна масрафи миллион ҳастам, аммо барои баъзе соҳибкор фарқ надоштааст, ки миллион одам аз гуруснагию саргардонӣ фавтида истодааст ӯ бояд маблағ ба даст орад, тамом. Аз ҷониби дигар хубӣ ҳам дорад, таваҷҷуҳ ба футболи Осиё бештар мешавад ва дигар клубҳо низ кӯшиш мекунанд, ки маблағгузориро зиёд намуда, барои рушди футболи кишварашон бетафовут набошанд…

Шумо чӣ мегӯед?

Исфандиёр НОСИРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *