Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк: Субот дар Афғонистон омили муҳим аст

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” иброз дошт, ки  субот дар Афғонистон омили муҳими рушди робитаҳои байниминтақавӣ мебошад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, ҳамоиш ин ҳамоиш 19 сентябр бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.

Кори ҳамоишро Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден ифтитоҳ кардааст.

“Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар сиғаи “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” мусоидат хоҳад кард”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ба ибрози Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кӯшишҳои кишварҳоро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мубрами рушди устувор комилан дастгирӣ мекунад.

“Дар заминаи вазифаи таъхирнопазири пешбурди “иқтисоди сабз” Тоҷикистон ба рушди энергетикаи сабз аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад”, таъкид доштааст Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба рушду пешрафти кишварҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад, андешаронӣ карданд. 

Ҳамчунин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба масъалаи афзоиши таҳдиду хатарҳо, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи сиёсии Афғонистон ва ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ҷалб намуда, дар ин раванд ҳамкорӣ ва мусоидати шарикони байналмилалиро зарур шумурд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иқтидори логистикии худ, аз ҷумла 6 пул дар марз бо Афғонистонро барои расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии кишвари ҳамсоя пешкаш намуда, нерӯи барқ ва тавассути бозорҳои наздисарҳадӣ, ки фаъолиятиашон аз нав ба роҳ монда шуд, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ содирот мекунад. 

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, субот дар Афғонистон омили муҳими рушди робитаҳои байниминтақавӣ мебошад аз ин рӯ, мо манфиатдор ҳастем, ки сулҳу субот дар ин кишвар ҳарчи зудтар барқарор шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *