Чину Узбекистон низоми бераводидро ҷорӣ карданд

Ҳукуматҳои Узбекистон ва Чин барои шаҳрвандони ду кишвар созишномаи бидуни раводидро имзо карданд.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиер Саидов дар телеграмканали худ хабар додааст.

Имзои ҳуҷҷат дар ҷаласаи 5-уми вазирони корҳои хориҷӣ дар формати “Осиёи Марказӣ –Чин”  дар шаҳри Ченду баргузор шуд.

 «Дар доираи созишномаҳое, ки байни сарони давлатҳои  Узбекистон ва Чин ба даст омадаанд, мо ҳамроҳ бо ҳамтои худ созишномае имзо кардем, ки ба шаҳрвандони мо имкон медиҳад,  то дар давоми 30 рӯз бидуни раводид сафар кунанд», — навиштааст Саидов.

Вай афзуд, ки»ин як қадами дигар дар роҳи мусоидат ба рушди тиҷорат ва робитаҳои байни халқҳои кишварҳои мо аст».

 Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар додааст, созишнома пас аз анҷоми расмиёти зарурии дохили давлатӣ аз ҷониби тарафҳо амал мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *