Боз як зодаи Тоҷикистон қурбонии ҷанги Русияву Украина шуд
Ҷасади боз як қурбонии дигарро ин субҳ аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.
Қаноатов Субҳиддин Иноятович зиёда аз 20 сол дар Русия фаъолият карда, охир моҳи август ба сафи артиш ва моҳи октябр ба ҷанги Украина ба вилояти Харков фиристода шудааст.
Ӯ мутаваллиди соли 1981-и шаҳри Панҷакент буда дар артиш ҳамчун сардори гурӯҳи 28 нафараи разведкачиён хизмат мекардааст. Ба гуфтаи яке аз наздиконаш ин гурӯҳ мавриди ҳамлаи дронҳо қарор гирифта ва ҳаммаи аъзоёнаш кушта машаванд.
Аз Субҳиддин чор фарзанд, 2 писар ва 2 духтар боқӣ мондааст, ки калонӣ 11 сола буда, хурдӣ ҳамагӣ 4 моҳа аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ