Чаро ҳамсоя кӯдаки сесоларо кушт?

Як ҷавонзани 22-сола дар кӯчаи Маърифати шаҳраки Сомониён, маркази ноҳияи Рӯдакӣ даст ба ҷинояти гӯшношунид зада, духтарчаи сесолаи ҳамсояашро бо бераҳмии махсус бо чанд зарбаи корд ба гарданаш кушта, ҷасадашро дар партовгоҳ пинҳон кардааст.

ВКД хабар медиҳад, ки гумонбар Манижа Эмомализода қабл аз содир кардани ин ҷиноят ҳангоми дуздӣ аз хонаи ҳамсояаш ба даст афтодааст. Ӯ барои он духтари ҳамсояро дуздида, куштааст, ки ҳуши зани ҳамсоя ба гум шудани духтараш банд шуда, дуздӣ кардани ӯро фаромӯш кунад ва овоза накунад.

Худи Манижа Эмомализода дар дохили ҳаммоми хонааш ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард:

— Аз даҳонаш қапидаму як корд задам. Баъде ки дуюмбора корд задам, ҷонаш баромад… Рафта латта овардам, болояшро бо латта пӯшонидам ва бурда дар партовгоҳ партофтам…

Аз болои ин қазия парванда боз шуда, Манижаро солҳои зиёди пушти панҷара интизор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *