Дар навори Ғазза оташбаси чаҳоррӯза оғоз шуд

Таваққуфи чаҳоррӯзаи даргириҳо миёни Исроил ва Ҳамос дар навори Ғазза эътибор пайдо кард.

Дар давоми чор рӯз ҷангҷӯёни Ҳамос 13 гаравгони исроилиро озод хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ, на камтар аз 50 нафар озод карда мешаванд;

Аз зиндонҳои Исроил 39 маҳбуси фаластинӣ, занон ва ноболиғон (ҷамъ 150 нафар) озод карда мешаванд.

Кӯмаки бештари башардӯстона ба навори Ғазза тавассути гузаргоҳи Рафаҳ дар марз бо Миср оғоз мешавад. Ҳар рӯз фиристодани 130 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ва 200 мошини боркаш бо кӯмаки башардӯстона дар назар аст.

Тибқи маълумоти ба даст овардаи мо тамоми амалиёти ҳавоии Исроил дар болои навори Ғазза (аз ҷумла назорати ҳавопаймоҳои бесарнишин) шаш соат пеш аз раҳоии гаравгонҳо қатъ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *