Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Tcell шарики асосии лоиҳаи “Бренди дӯстдоштаи Тоҷикистон-2021” гардид

Тайи ҳашт соли ахир тоҷикистониён тавассути овоздиҳӣ бренди дӯстдоштаи худ – ширкатҳои Тоҷикистон дар соҳаи савдо, истеҳсолот ва хизматрасонӣ ба аҳолиро дар чорчӯби тарҳи “Бренди дӯстдоштаи Тоҷикистон” аз агентии “Тайрон” интихоб менамоянд. Имсол, оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell тасмим гирифт, ки лоиҳаи мазкур ва ҳамзамон тавлидгарони ватаниро дастгирӣ кунад.

“Бренди дӯстдоштаи Тоҷикистон” – лоиҳаест, ки нуфуз ва ҷойгоҳ (рейтинг)-и ширкатҳои пешрафтаи кишварро муайян месозад. Доварони аз ҳама бонуфузу боэътимод- сокинони Тоҷикистон тавассути ин тарҳ имкон доранд, ки ба маҳсулот, хизматрасонӣ ва бренде, ки аксар вақт аз онҳо истифода мебаранд, овоз диҳанд.

Бренди дӯстдоштаатонро интихоб кунед ва дар ин ҷо раъй диҳед: https://pressa.tj/lm2021/

Овоздиҳӣ як моҳ идома хоҳад кард. Дар бораи ҷараёни лоиҳа аз эълонҳои Tcell ва Тайрон дар саҳифаҳои расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ пайдо хоҳед кард.

Tcell ҳамвора бо баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва эътимоди муштариён, ба рушди бозори телекоммуникатсия ва иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамояд. Бо дастгирии тарҳҳое амсоли  “Бренди дӯстдоштаи Тоҷикистон”, Tcell мекӯшад, ки дар рушди иқтисодиёти кишварамон саҳм гузошта, истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва брендҳои миллиро дастгирӣ намояд.   

 ___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.