Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Tcell зерсохторҳои шабакаро дар Суғду Хатлон тақвият бахшид

11 пойгоҳи заминавии ширкати Tcell дар Суғд ва Хатлон то ба стандарти 3G густариш ёфтанд, ки ин омил фарогирии шабакаи 3G аз Тcell дар ҷумҳуриро бузургтар сохт. Ин пойгоҳҳои такмилёфта ба сокинони Панҷакент, Айнӣ, Ҷиликӯл, Хуросон, Бохтар ва А. Ҷомӣ дастрасӣ ба хадамоти онлайнро фароҳам оварданд.

Пойгоҳҳои ҷадиди базавӣ ба сокинони ҷамоатҳо имконияти пайваст шудан ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро муҳайё сохта,шароити боз ҳам бештареро барои дастрасӣ ба манобеъи гуногун осонтар менамояд. Бо истифорда аз тарофа ва опсияҳои қулайи «Паёмрасонҳои бемаҳдуд» ва «Шабакаҳои иҷтимоии номаҳдуд» муштариён ҳамеша дар иртибот бо наздикону пайвандон қарор хоҳанд дошт. Тафсилоти бештар дар ин ҷост: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/unlimited-options.php

Ширкати мухобиротии Tcell, ки авлавияти фаъолияти он таъмин ва дастрасии аҳолии Тоҷикистон бо фанновариҳои ҷадид мебошад, барои рушди зерсохторҳои шабакавӣ сармоягузориро идома медиҳад. Тарҳи таҷдид ва тақвияти бузургмиқёси шабака, ки аз сӯи ширкат амалӣ мешавад, такмил додани зерсохторҳои мавҷударо барои пешниҳоди хидматрасонииҳои ҳар чӣ беҳтар ба сокинони кишвар дар назар дорад.


Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.