Дӯстӣ ҳам нақшаро иҷро кард
Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии пахта пурра иҷро шуд. Баъди шаҳри Левакант ин аввалин ноҳия аст, ки аз иҷрои нақша хабар медиҳад.
Шамсиддин Эшбеков, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ ба Pressa.tj гуфт, ки нақшаи ҷамъоварии пахта аз 100 дарсад ҳам гузаштаат. Ӯ мегӯяд, ки ҳанӯз дар замини пумбадона ҳосил ҳаст ва ҷамъоварӣ идома дорад.
» Соли равон дар ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 7 ҳазору 730 гектар замин пумбадона кишт шуда буд. Мувофиқи нақша то имрӯз беш аз 19 ҳазору 300 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд, ки беш аз 100 дарсади нақшаро ташкил мекунад»,-гуфт номбурда.
Шамсиддин Эшбеков мегӯяд, имсол пахтакорони ноҳияи Дӯстӣ аз тухмии навъҳои лодос, туркӣ, флеш ва мая 455 истифода карданд. Ӯ афзуд, ки аз 1 гектар замин бештар аз 25 сентнер ҳосил гирифтанд.
Бояд гуфт, ки кишоварзони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳамасола нақшаи ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ