Дӯстӣ: Барои наздикони сарбози шаҳидшуда хона месозанд
Масъулини мақомоти маҳаллии ноҳияи Дӯстӣ тасмим доранд, ки барои пайвандони Муродбек Маҳмақулов — сарбози шаҳидшудаи тоҷик хона созанд. Аллакай барои бунёди хона замин ҷудо карда шудааст.
Нишонзода Даврон, раиси ноҳияи Дӯстӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Муродбек Маҳмадқулов бо ҳамроҳии модар ва як бародару хоҳараш дар хонаи иҷора зиндагӣ мекарданд. Ӯ мегӯяд, ки “мо заминро аз наздикии маркази ноҳия ҷудо кардем. Аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ барои онҳо хона месозем. То зимистон ба хонаи нав мекӯчанд”.
Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки ба номи сарбози шаҳидшудаи тоҷик Муродбек Маҳмадқулов муассисаи таълимии рақами 33 ва яке аз кӯчаҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ ба номи Зоир Саидмуродов номгузорӣ мешавад.
“Мо тасими дорем ҳам номи мактаб ва ҳам номи яке аз кӯчаҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ ба номи сарбозони шаҳидшуда номгузорӣ карда шавад. Дар ҳамин иҷлосияи дар пеш истода ин масъала ҳал мешавад. Мо дар маросими ҷанозаи онҳо иштирок кардем. Ба оилаҳои онҳо кумак кардем ва дар оянда боз кумак мекунем”,- афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Муродбек Маҳмадқулов, аскари тоҷик 13-уми июни соли 2022 ва Зоир Саидмуродов 13-уми апрели соли 2022 дар шаҳри Исфараи виояти Суғд аз сӯйи марзбонони қирғиз кушта шуда буданд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ