Ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон қариб 3 маротиба зиёд шудааст

Ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли равон афзудааст.

Тоҷиддин Ҷуразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 28-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод: «Сайёҳони хориҷие, ки дар ин давра ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, 363089 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин рақам 343 916 сайёҳ аз давлатҳои ИДМ ва 19173 сайёҳ аз кишварҳои хориҷи дур мебошанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 маротиба зиёд аст».

Раиси кумита гуфт, ки аз сабаби куҳсор будани Тоҷикистон бештар сайёҳони куҳнавард ташриф меоранд. Ҳамчунин, ба  саёҳати қаиқронӣ низ таваҷҷуҳ зиёд будааст.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 242 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 49 адад ба ВМКБ, 41 адад ба Суғд, 18 адад ба Хатлон, 116 адад ба шаҳри Душанбе ва 18 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд.

Ҳамзамон, дар нишаст қайд гардид, ки дар ин давра бо 12 мамлакат созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум, аз ҷумла бо Аморати Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Швейтсария, Фаронса, Қувайт, Туркманистон, Эрон ва Покистон ба имзо расидаанд, ки заминаи мусоид барои рушди ояндаи соҳаи сайёҳии кишвар фароҳам меорад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 288 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 182 меҳмонхона, 29 ҳостел ва ҳотел, 50 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ, 8 хонаи истиқоматӣ, 1 пансионат ва кемпинг, инчунин 5 базаи сайёҳӣ ба хизмати сайёҳон машғуланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *