суд

Дӯстӣ: Як ҷавонзан барои таълими динӣ ҷарима шуд

Суди ноҳияи Дӯстӣ як ҷавонзани сокини ҷамоати Ҷилликӯли ноҳияро ба андозаи 10 нишондиҳанда, баробар ба 680 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст. Дар ин бора рӯзномаи «Хатлон» хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ бо истинод ба маълумоти Суди ноҳияи Дӯстӣ, зани 26-сола, ки модари ду фарзанд будааст, дар таълими динии ғайриқонунӣ гумонбар шудааст.

Зимни санҷишҳо муайян шудааст, ки ин зан давоми 2 сол ба як духтари ноболиғ дар хонаи худ аз китобҳои динии «Қуръон» ва «Қоидаҳои Бағдодӣ» таълими динӣ додааст.

Айбдоршаванда дар додгоҳ бехабарии худро изҳор доштааст. Ӯ айни ҳол бекор буда, ягон манбаи даромад надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *