Қиссаи ҷолиби оиладоршавии Сангалӣ Мирзоев

Сангалӣ Мирзоев, ҳунарманди саршиноси кишвар дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев дар бобати оиладор шуданаш ва монеаҳое, ки дар он замон рух дода буданд, батафсил нақл кард.

— Ман ошиқ шудам ва ба мақсадам расидам. Ростӣ, вақте ки ӯро дидам, сахт писандам омад. Аввалин маротиба гуфтамаш, ки ба ман маъқул шудед ва шуморо мегирам, вале ӯ гуфт, ки аввал худатро рафта дар оина бин, баъд чунин суханҳо бигӯ. Лекин он замон ба ман сухани ӯ сахт нарасид, зеро ҳадафам ба даст оварданаш буд. Дар аввал ду тараф розӣ набуданд. Ду сол кӯшиш кардам. Даҳ маротиба хостгорҳои маро рад карданд. Албатта, мо ба балоғат расида будем ва метавонистем бо ҳам гурезем, вале ман мехостам бо обрӯ арӯс биёрам. Шукр, бори ёздаҳум онҳо розӣ шуданд ва мо тӯй кардем,- ба ёд меорад Сангалӣ Мирзоев.

Дар идомаи суҳбат ҳунарманд мегӯяд, ки имсол 40-солагии издивоҷашро қайд мекунад.

— 23-юми августи соли 1983 мо оиладор шуда будем ва 40 сол шуд, ки зиндагӣ дорем. Аммо бовар кунед, чунон зиёд ҳамсарамро азоб додаам, ки агар дӯстам намедошт, шояд ин муҳаббат кайҳо канда мешуд,- мегӯяд ӯ.

Меҳмони барнома аз он афсӯс мехӯраду пушаймон аст, ки ба ҳамсару фарзандонаш вақти кам бахшидааст, балки қисми зиёди умраш дар маъракаву хурсандиҳои мардум гузаштааст. Яъне, ӯ мегӯяд, ки кору санъату мухлису ҳаводор гуфта, худашро аз оилааш дур гирифта будаааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *