Мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Покистон дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар, дар мулоқот дурнамои густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Душанбе ва Исломободро баррасӣ кардаанд.

— Изҳори боварӣ карда шуд, ки ба шарофати муколамаҳои пайвастаи сатҳи олӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар ҳама самтҳо мазмуни нав пайдо карда, дар оянда бахшҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳоро фаро хоҳанд гирифт,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *