Мусовии Тоҷикистону Туркманистон дар CAFA-2023

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали мусобиқоти Ҷоми миллатҳои CAFA-2023 бо тими Туркманистон мусовӣ анҷом дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Ҳисобро аз тими мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 86-ум Нуриддин Ҳамроқулов баробар кард.

Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд бозии Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар даври баъдӣ тими Тоҷикистон бо тими Уммон вомехӯрад. Бозӣ 14-уми июн дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали Ҷоми CAFA Nations Cup, ки дар он дастаҳои Афғонистон ва Қирғизистон бо ҳам вохӯрданд, бо барвақттар аз майдон рафтани афғонҳо анҷом ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *