Дӯстӣ: Заминҳои тасарруфшудаи муассисаҳои таълимиро баргардониданд

Бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ заминҳои тасарруфшудаи ҳудуди ду муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Дӯстӣ баргардонида шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон, мудири шуъбаи маориф Шаҳноза Маҳмасаидзода гуфтааст, ки “қисме аз заминҳои муассисаи таълимии №20 аз тарафи шаҳрвандон солҳои қаблӣ тасарруф шуда буд ва барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, инчунин майдончаи варзишӣ дар муассисаи мазкур аз норасоии замин мушкилот ба миён омад. Ҳоло заминҳои номбурда бо ҷалби масъулин баргардонида шуданд, ки дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва майдончаи варзишӣ истифода бурда мешаванд. Дар ин ҷой бинои иловагии дуошёна барои 240 нафар хонанда қомат хоҳад афрохт”.

Гуфта мешавад, ки дар муассисаи таълимии №47 низ сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ сурат мегирад. Дар назди ин муассиса низ сохтмон анҷом дода мешавад, вале бо сабаби тасарруфи ғайриқонунии замин аз тарафи сокинон норасоии замини ҳудуди муассиса мушоҳида мешуд. Акнун бо барқарор кардани заминҳои мазкур мушкилоти мазкур аз байн рафт. Ин ҷо низ заминҳои тасарруфшудаи барои майдончаи варзишии замонавӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ истифода бурда мешаванд.

— Ёдовар мешавем, ки сол аз сол бо зиёд гардидани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ зарурати сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба миён омада истодааст. Ба ин хотир, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар асоси Барномаҳои давлатӣ ва берун аз барномаҳо бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва кумитаи падару модарон сохтмони синфхонаҳои замонавӣ муташаккилона идома дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *