Дору ва дорупошак барои кишоварзони ВМКБ

Ҷиҳати дастгирии деҳқонон барои пешгирии касалиҳо ва нигаҳдории растаниҳо аз ҳашароти заррарасон ба миқдори 600 литр дору ва дорупошак ба маблағи 86357,00 сомонӣ ба ВМКБ ворид гардидааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и ВМКБ, ин иқдом дар асоси дастури раиси  Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст.

Зикр мегардад, ки мувофиқи талабот маводи доруворӣ ва дорупошакҳо ба шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим карда мешаванд.

— Маводи доруворӣ истеҳсоли давлатҳои тарақикардаи ҷаҳон, аз ҷумла Хитой, Россия ва Қазоқистон буда, барои пешгирии касалиҳои растанӣ мусоидат менамояд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *