Данғара: Ҷаъмоварии беиҷозаи шираи камол

Чуноне, ки сомонаи ВКД хабар медиҳад, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамотаи деҳоти Себистони ноҳияи Данғара марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир карда шуд.

Номбурда, аз заминҳои ҷамоати деҳоти Себистон бе ягон иҷозатномаи мақомоти дахлдор худсарона 400-бех ниҳолҳои шираи камолро буридааст.
Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии гумонбаршуда 1 зарфи 20-литра бо хокаи камоли бадбӯй, ки вазни холисаш 8 килограмму 265 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *