Кордзанӣ дар назди “Садбарг”

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Ишкошим бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, дар назди маркази савдои “Садбарг”-и шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 38-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 3-маротиба ба пушташ задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *