Се нафар якеро кушта ба об партофтанд
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар марди 23-солаи сокинони ноҳияи Қубодиён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 23-юми июли соли 2017, тахминан соати 21:00-дақиқа, дар наздикии мағозаи хӯроквории ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи мазкур бо марди 24-солаи сокини деҳаи Советободи ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, охиронро лату кӯб намудаанд.
Сипас, ӯро ба канали калони деҳаи Заркамар партофта, як чанд маротиба зери об карда, ба ҳалокат расонидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ