Дандонпизишке, ки варзишгар шуд
Муштзани 25-солаи тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Парижи Фаронса дар мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Баъди 12 сол
Ӯ рӯзи 4-уми август дар даври ниманиҳоӣ аз муштзани Ӯзбекистон Лазизбек Муллоҷонов шикаст хӯрд ва аз ҳақи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.
Болтаев дар рақобати аввалинаш бар Георгий Кушиташвилии 28-сола аз Гурҷистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, дар даври чорякниҳоӣ Ҷек Марлии 21-соларо аз Ирландия бо ҳисоби 4:1 шикаст дод ва ба нимфинал баромад.
Давлат Болтаев баъди 12 сол дастоварди Мавзуна Чориеваро дар Бозиҳои олимпӣ такрор кард. Мавзуна дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар вазни то 60 кило миёни занон бо нишони биринҷӣ сарфароз шуда буд.
Дастгирии волидайн
Давлат Болтаев, ки бори аввал соҳиби медали олимпӣ шуд, 13-уми январи соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба варзиш машғул буд, вале дар риштаи дандонпизишкӣ таҳсил кард. Дар як суҳбаташ варзишгар мегӯяд: “Ман орзуи дандонпизишк шуданро надоштам. Аммо дӯсти беҳтарини ман, ки ба ин самт рафта буд, маро низ ба ин ихтисос ҷалб кард. Аз рӯи ин ихтисос Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро хатм намудам. Вале дар ин самт фаъолият накардаам. Ҳоло танҳо бо варзиш машғул ҳастам ва мехоҳам дар бокс корномаи варзишии худро созам”.
Давлат мегӯяд, ки дар ҷодаи варзиш волдайнаш ҳамеша дар канораш ҳастанд: “Волидонам дар ҳама ҳолат дастгирам ҳастанд. Онҳо танҳо ҳаминро таъкид менамоянд, ки чизе ба хоҳиши дилам бошад, ҳамонро иҷро намоям”.
Қаҳрамони чанд майдон
Давлат Болтаев дар чанд навъи варзиш неру санҷидаву ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ доир ба таэквандо ду маротиба унвони қаҳрамонӣ ба даст овардааст. Ду маротиба — бори аввал дар Чемпионати ҷаҳон, ки соли 2014 дар Тоҷикистон шуда гузашт ва бори дуюм дар Италия аз намуди “таэквандо ITF” қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Аз намуди муайтай дар шаҳри Ашқободи Туркманистон мақоми сеюмро ишғол кард. Инчунин соли 2017 мақоми ифтихориро дар ҷоми ҷаҳон аз намуди варзиши кудо дар Ҳиндустон ба даст овард. Вале солҳои охир Давлат Болтаев пурра ба бокс машғул аст. Худ мегӯяд: “Аз интихобам пушаймон нестам. Бисёр хушҳолам, ки ба бокс машғулам. Кишвари хешро муаррифӣ менамояму Парчами онро боло мебардорам. Фахр мекунам”.
Дастовардҳои муштзан
Соли 2022 ба унвони қаҳрамони бокси Осиё дар байни ҷавонони синнашон то 22-сола даст ёфт. Моҳи майи соли 2023 дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон то даври чорякниҳоӣ расид ва моҳи октябри ҳамон сол дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило ғолиб гардида, аз байни варзишгарони тоҷик яке аз нахустинҳо шуда, ба Олимпиадаи Порис роҳхат гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ