Дар ҷануби Тоҷикистон барф борид
Имрӯз, 9 ноябр дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯрободи собиқ) барф боридааст.
Ин аввалин барф дар оғози фасли тирамоҳ дар вилояти Хатлон аст. Ҳорун Мустафоев, корбари шабакаи иҷтимоии фейсбук бо гузоштани ду акс дар саҳифаи хеш аз боридани барф дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабар додааст.
Ҳоло охирин моҳ аз фасли тирамоҳ аст. Вале дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон барф боридааст. Шамсиддин Шоҳин, ноҳияи куҳӣ аст ва дар моҳи марти соли равон ҳам аз боридани барф дар ин ноҳия хабар дода будем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ