Мусобиқа оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд

Дар қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқа оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид. 

Дар вилоят ин навъи мусобиқа яке аз намудҳои маъмулӣ варзиш ба ҳисоб меравад. Варзишгарони вилоят Ҷаҳон Қурбонов, Абдусалом Ҳасанов, Асрор Воҳидов, Довуд Махкамов, Шаҳбоз Ҳаитов, Искандарбек Рустамов, Хусравхон Раҳимов, Абураҳим Ёқубов шарафи варзиши тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ баланд бардошта, Парчами Тоҷикистони азизро дар варзишгоҳу майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон сохтаанд. Дар мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс беш аз 80 нафар варзишгарон, аз ҷумла муштзанон аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия иштирок доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *