Омодагӣ ҷиддиву захира кофист

Агар бо мусоид гардидани обу ҳаво дар фаъолияти IRS таъмиру таҷдиди роҳ мақоми меҳварӣ касб кунад, дар мавсими сармо таваҷҷуҳи масъулин ба рафъи пайомади тармафароӣ, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш равона мешавад. Далелу рақамҳо гувоҳи онанд, ки имсол низ мавсими таъмиру таҷдиди роҳ бо нишондиҳандаҳои арзанда ва барзиёд ҷамъбаст гардид.

Ҳоло кормандони IRS ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағзишу  сӯзишворӣ мадди назар аст. Илова бар ин, кормандон бо сарулибоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.

Масъулини IRS хуб дарк кардаанд, ки айёми қаҳратуни сол марҳилаи ҳассос буда, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан ба раванди фаъолият монеа хоҳад гашт. Бо ин мақсад Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” ба тасвиб расида, ҳадафи асосии ҳуҷҷати мазкур омода намудани тамоми соҳаҳо ва шаҳрвандон ба мавсими зимистон маҳсуб меёбад.

Бино ба гуфти масъулин, барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали Ширкат 437413 литр сӯзишвории дизелӣ, 19800 тонна маводи зиддилағзиш захира шуда, ин раванд идома дорад.

Илова бар ин, 455 чархи резинии зимистонаи мошин ва механизмҳои нигоҳдории роҳ дастрас ва насб гардида, зарфҳои захираи сӯзишворӣ, ки имкони нигоҳдории 535000 литр чунин маводро доранд, барқарор карда шуданд. Муҳимтар аз ҳама, техникаву механизми филиали Ширкат, ки теъдодашон 218 адад аст, ба мавсими зикршуда пурра омодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоишро касб намуда, ин ҷанба имкон фароҳам меорад, ки рисолати филиали Ширкат — нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *