Дар Бохтар ҳам «Шаҳри бехатар» фаъол мешавад

Дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон дурбинҳои  «Шаҳри бехатар» насб хоҳад шуд. 

Барои амали кардани иқдоми мавриди назар ёддошти ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба имзо расидааст. Аз шаҳрдории Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки барои насби дурбинҳои назоратӣ 9 миллион доллар харҷ хоҳад шуд.

«Шаҳри бехатар» барои ҷорӣ намудани назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳри Бохтар пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, ки дар рӯзҳои наздик насби дурбинҳои назоратӣ дар шаҳри Бохтар шуруъ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *