Дар болои дарёи Вахш пули 760-метра сохта мешавад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати Dong Myeong Engineering Consultants and Architecture-и Ҷумҳурии Халқии Корея ҷанубӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, дар вохӯрӣ масъалаи омода намудани тарҳи пули 760-метра, ки дар доираи татбиқи лиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод, ки аз болои дарёи Вахш сохта мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба он қарордод ба имзо расонида шудааст.

Дар мулоқот қайд гардидааст, ки сохтмони пул бо равишҳои пешниҳоди молиявӣ барои интихоби кушодашавии хизматрасонии машваратӣ оид ба омӯзиши вариантҳо, асоснокунии техникӣ-иқтисодӣ, тарҳрезии пешакӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ оид ба тарҳрезӣ ва иҷрои қарордод дар асоси тарҳрезӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки таҷдид ва азнавсозии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи 123 498 586,95 доллари ИМА оғоз гардида, татбиқи лоиҳа 31-уми январи соли 2020 оғоз гардид ва анҷоми он 31-уми декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст.

Қитъаи якуми лоиҳа аз 30,22 километр (км 0+00 то километри 30+217 км) роҳи асосии Обигарм-Тагикамар иборат мебошад. Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони нақбҳои Қандак 1,6 километр, Қарағоч 1,7 километр, сохтмони 6 пули нав, таҷдиди 1 пули мавҷудбуда ва 1 пули муваққатӣ ворид мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *